Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: МАҚОЛА: Истиқлол – асоси осудагӣ ва ободии кишвар

Дар ҳошияи солномаи Истиқлолият Азалияти тоҷикон бо маданияти волову расму оини хоси мардумӣ асос ёфта, муттаҳидиву самимият нисбати якдигар ҳамеша дар байни эшон ҳукмфармо буду ҳаст. Таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои милливу таърихӣ ва шодиву нишоти тамоми мардум нишонаи сулҳу субот ва сериву пурӣ буда, ҳар фарди ватандорро ҳушдор мекунад, ки нисбати ин неъматҳо беэътиноӣ нанамояду баҳри ободии кишвари худ ҳиссагузор бошад. Тантанаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддатҳост, ки дар дили мардум орзуи фароғату сурурро ҷойгир намудааст. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бузургу таърихӣ кайҳост, ки омодагиҳо дар тамоми самтҳо ба назар мерасанд. Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Пас аз бо машаққатҳои зиёд ба даст овардани Истиқлолият, мардум пай бурданд, ки ин рӯйдоди таърихии муқаддас азизтарин неъмат барои ҷамъи мардуми тоҷик гардид ва ҳамчун рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат гашт. Маҳз бо туфайли ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Ин неъмате, ки имрӯз мо аз он саршору шодон меболем худ аз худ ба даст наомада, балки дар ибтидо ба зарбаҳои шадиди мухолифин гирифтор гардид, ки дар натиҷа, муатаассифона, ҷанги нанговари шаҳрвандӣ сар зад. Ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон вайрониву харобиҳо, куштору ғоратгариҳо, ятимону гурезаҳои бешуморро боқӣ гузошт. Вазъи давлату ҳукумат ва ҳатто мардум хеле муташанниҷу раҳмовар буд. Дар он айём касе ба ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷик кафолат намедод ва ҳатто боварӣ низ надошт. Ашхоси хоину лаин ва нафарони гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто аз паи иҷрои нақшаи бунёди давлати исломиро доштанд. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳои худ пайваста аз он рӯзҳои сангини таърихӣ ёд намуда, моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ҳар як неъмати бадастомада, бирасему баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизи худ ҳиссагузор бошем. Дар суханронии 8-уми сентябри соли 2016 дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат чунин қайд намуданд: “…Кор фақат ҷангу муноқиша ва тақсими вазифа буд. Дар он айёми фоҷиабор беназмиву беқонунӣ ба ҳадде расида буд, ки Шӯрои Олии мамлакат, ҳамчун ягона мақоми қобили кор, натавонист иҷлосияи худро дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор созад ва маҷбур гардид, ки бо ташаббуси гурӯҳи вакилон ҷаласаи худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват намояд”. Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд. Ҳангоми суханронӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи 16- уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гаршт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад». Пас аз ин Иҷлосия Президенти кишвар тавонист зина ба зина он давлати ҳуқуқбунёду демократии дунявиро бисозад, ки имрӯзҳо мо метавонем бо чашми айнии худ шоҳид гардем. Аввалин тадбирҳои муҳиме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Дастоварди бузургу беназири Истиқлолият ин барқарор гаштани сулҳу дӯстӣ буд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст. Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон -Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳем. Рӯзҳои сангин ва вазнину торик паси сар шуданд. Акнун, дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш меравем. Ҷашни бузурги истиқлолият муборак бошад ба ҳамаи тоҷикону Тоҷикистониён.

Омӯзгори коллеҷи омӯзгории ноҳия,

аъзои фаъоли ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод Ирода Игамова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *