Дар самти мубориза бо ифротгароии хушунатомез пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҳамкории шарикӣ доранд.Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи субот, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амният дар Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”“Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар азиятдида пеш аз ҳама манфиатдорем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба хусус барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.“Ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар бояд бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона, яъне аз ҷониби ниҳодҳои СММ, Салиби сурх ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд”,Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша ҳамсояи хуб буданд ва хоҳанд монд. Дар тӯли таърих онҳо дар шодию ғами якдигар шарик буданд. То замоне, ки ин кишвар дар ҳолати душвор қарор дорад, Тоҷикистон дар канори он боқӣ хоҳад монд. Тоҷикистон ҳамеша дар ин кишвари дӯсту бародар, ки мардуми мо бо як забон ҳарф мезананд ва бо мо фарҳанги муштарак доранд, истиқрори сулҳи комил ва ваҳдати миллиро самимона дастгирӣ мекард.Гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои харобкоронаи худро амалӣ намуда, фаъолиятҳои харобкоронаи худро густариш доданд. Таҷрибаи талхи ҷанги давомдор дар ин кишвар дар тӯли 40 соли охир собит мекунад, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Тоҷикистон ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, дар андешидани чораҳои муассир оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинад.Дар шароити мураккаби феълӣ ҷомеаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама кишварҳои донор, бояд дастгирии худро ба мардуми пурсабри Афғонистон идома диҳанд. Понздаҳуми август гурӯҳи террористии “Толибон” пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ба даст оварданд ва то имрӯз мушоҳида мегардад, ки ба қатлу кушторҳои бераҳмона даст зада истодаанд. Дар ҳукумати навтаъини онҳо фарогирии ақалиятҳои миллӣ ба назар намерасад ва онҳо ба ваъдаҳои ҳукумати ҳамашумули худ вафо накарданд.Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем. Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд”.Туразода Ҷамшед Аскар – н.и.и., дотсент, муовини раиси КИИ ХХДТ “Сомон”
Рубрики
Мақола: Сиёсати бомуваффақи Тоҷикистон
