Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди олӣ ва нодири миллати тоҷик аст, ки аз файзи он имрӯз ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини шароити мусоиду арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони ин қишри ҷомеа тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешавад.
Аз ҷумла, эълон шудани моҳвораи ҷавонӣ, таҷлили мутантани Рӯзи ҷавонон, ташкили конфронсу ҳамоишҳо, семинарҳои омӯзишӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, дави миллӣ, таъсиси ҷоиза ва ҷомҳои гуногун, олимпиадаҳои фаннӣ, сол то сол зиёд шудани доираи гирандагони стипендияи Президентӣ, таъсиси квотаҳои мухталиф аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти созанда аст, ки дар меҳвари он дастгирии насли ҷавон қарор дорад. Ин ҳама таваҷҷуҳ ва дастгириҳо маҳз самараи истиқлоли давлатист.
Гузашта аз ин, бо шарофати истиқлол мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар ба ҳукми анъана даромада, дар доираи ин иқдоми судманд ҷиҳати таъмини шароити беҳтарини зист ва фаъолият баҳри ҷавонон дастуру супоришоти муҳиму муфид ироа мегардад.
Пешвои муаззами миллат аз мо ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз ва нерӯи пешбар ном мегиранд, ки ин “унвон”-ҳо барои мо ҷавонон натанҳо мояи ифтихор, балки масъулият низ маҳсуб меёбад.
Президенти мамлакати азизамон аз мо, ҷавонон ҳамеша ташаббускорӣ ва зиракии сиёсиро даъват мекунанд.
Воқеан дар замони муосир ва шароити феълӣ арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии мо, ҷавононро фаро гирад.
Чуноне Роҳбари муаззами давлат таъкид намудаанд: “Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонон вогузор аст. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доранд, қадр кунанд ва ҳифз намоянд”.
Ба дурустӣ, ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи мо – ҷавонон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик нагардед, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошем. Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо мебошад.
Мо, ҷавонон бояд дарк намоем, ки барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш дорем. Гузашта аз ин, мо – намояндагони ин табақаи фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро пайваста эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонем, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардем, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонем.
Сӣ сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи ин неъмати бебаҳо, пеш аз ҳама, вазифа, масъулият ва қарзи мо, ҷавонони замони истиқлол аст.
Бисолиҳа МУБИНЗОДА,
донишҷӯи соли сеюми факултети иқтисодии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров