Рубрики
Асосӣ

Мақоми аввал намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи ҷумҳуриявии маҳфил-озмун беҳтарин донандаи асари “Тоҷикон”

Дар давраи ҷумҳуриявии маҳфил-озмуни “Нақши китоби“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ Фарҳод Ҳоҷиев – аъзои фаъоли ТҶҶ ” Созандагони Ватан” донишҷӯи соли 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолона ширкат варзида, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ғолиби озмун ва иштирокчиёни фаъол дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва мукофотпулии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қадр гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Фарҳод Ҳоҷиев дар давраи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилоятии маҳфил-озмун мақоми якумро соҳиб шуда, ба давраи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта буд.

Гуфта мешавад, ки маҳфил озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровдар шинохти асолати миллӣ” бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ғолибият муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *