Рубрики
Асосӣ Мақола

Мақоми роҳбарӣ дар шароити кунунӣ

АНДЕША: Мо имрӯзҳо аз вазъияти мушкили сиёсии  дар Ҷаҳони мутамаддин рӯйи коромада бохабарем ва дида истодаем, ки дар бархе аз кишварҳо тамоюлҳои ба ном демократӣ рӯи кор омада, ҳамзамон бо истифода аз “дастгириҳо”-и давлатҳои абарқудрат чи корҳое шуда истодааст. Бояд қайд кард, ки дар ин маврид тибқи таҳлили сиёсатшиносон ҳадаф ва мақсадҳои баъзе кишварҳои “дасти дароз дошта” то ҳадде ноором сохтани вазъ дар мамлакатҳои хурдтар ба назар мерасад ва ҳоло ҳам собит аст, ки ин кӯшишҳо танҳо барои ба даст овардани  замин, сарват ва асосан қудратталабӣ маҳсуб меёбад. Дар натиҷа, талаботҳо ва хостаҳои  басо қобили ҳокимияти халқ ба вуҷуд омадаанд, ки мо дида истодаем.

Дар мисоли қавӣ мо метавонем вазъияти имрӯзаи Украина ва чанде аз дигар кишварҳо, аз қабили  Қирғизистон ва Гурҷистон, ки солҳои пешин ба вуқуъ омада буданду ҳанӯз солҳои сол идома доранд, мебошад. Масалан чунин “инқилобҳо” дар Қирғизистон,  даҳсолаҳост идома ёфта истодаанд ва оқибатҳои он ба мо маълум аст. Дар ҳамон сол дар аввал ҳудуди ду ҳазор нафар ба кӯчаҳои Бишкек баромаданд, даргириҳо бо пулис дар кӯчаҳои шаҳр идома ёфт, эътирозгарон дарвозаҳои қароргоҳи раисиҷумҳур ва ҳукуматро шикаста  сӯи бино сангборон карданд. Дар як рӯз шумораи шаҳрвандони дар беморхона бистаришуда 130 нафарро ташкил додааст.  Ҳамзамон метавонем, ки  ба мисоли чун “инқилоб” –и дигар кашмакашиҳои  моҳи ноябри соли 2003 дар Гурҷистонро пешниҳод намоем. Пайи ин инқилоб роҳбари кишвар истеъфо доду Михаил Саакашвилӣ ба ин мақом омад ва оқибат боз ҳамон инқилоб ташкил гардид ва Саакашвилӣ аз сари ҳокимият ронда шуда, зиндон карда шуд.  Саакашвилӣ аз соли 2004 то 2013 раисиҷумҳури Гурҷистон буд. Пас аз тарки мақом алайҳи ӯ чанд парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Худи сиёсатмадор онҳоро ангезаи сиёсӣ хонда, кишварро тарк намуд. Соли 2015 шаҳрвандии Украинаро гирифт ва раҳбарии вилояти Одессаро бар дӯш дошт, аммо пас аз як сол раисиҷумҳури вақти кишвар Петро Порошенко ӯро аз мақоми волӣ барканор ва баъдан аз шаҳрвандӣ маҳрум ва дар соли 2018 аз кишвар хориҷ кард. Президенти феълии Украина Владимир Зеленский як моҳ пас аз интихоб шуданаш дар моҳи апрели соли 2019 шаҳрвандии Саакашвилиро барқарор кард ва баъдан ӯро раиси Кумитаи иҷроияи ислоҳот таъйин кард. Чанде пас  Саакашвилӣ ба кишвараш баргашту зиндонӣ шуд. Ин нишона ва оқибати ташкили даргириҳои сиёсӣ аст, ки чандсолаҳост дар Ҷаҳон идома дорад.

Дар чунин вазъият  дар ҳар як кишвар  бояд роҳбаре бошад, ки бо дарки ин чандандешиҳои сиёсӣ ва қудратталабии абарқудратҳо  дар кишвараш барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ чун ваҳдати комил ва амнияту осоиштагӣ талошҳои пайваста намояд.

Коршиносон ба хулосае омаданд, ки роҳбари муваффақ бояд дорои 4 хусусияти калидӣ бошад, ки дар модели сиёсати идоракунӣ дар давоми тадқиқот таҳия шудааст,  ин қобилияти пешгӯӣ кардан, суръат бахшидан ба рушди ҳама самт, эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо ва эътимод бахшидан ба халқ мебошад.  Ва ҳақиқатан ҳам дар фаъолияти ватанпарваронаи Президенти маҳбуби кишварамон ин нишонаҳо чун самти асосии фаъолият собит шудаанд. Махсусан агар дар алоҳидагӣ ин чор хусусиятро баҳо диҳем чунин аст:

1.Қобилияти пешгӯи кардан

Аз давраи оғози фаъолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари минбаъдаи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,  то ҳатто аз минбарҳои умумиҷаҳонӣ пешниҳоди   пешгирӣ ва мубориза алайҳи ифротгароиро пешкаш намуда буданд. Имрӯзҳо ин масъала дар ҳадди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад. Ё пешгӯияшон доир ба масъалаҳои дигар аз қабили захираи маводҳои ғизогӣ, тезу тунд гардидани муносибатҳо ва дигар масоил.

2. Суръат бахшидан ба рушди ҳама самт

Эълони намудани 4 ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар , ки  натиҷааш имрӯзҳо ободӣ  ва осоиштагӣ дар кишвар ва ҳаёти мардум возеҳ аст ба ин хосият пайванди ногусастанӣ дорад.

3.Эҷоди сиёсати шарикӣ бо дигар кишварҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Яке аз натиҷаҳои он Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.

4.Эътимод бахшидан ба халқ

 Масъалаи дигаре, ки метавон ба хосияти чорум пайванд дод, ин мардумӣ будани Сарвари халқпарвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқро пояи давлатдории хеш донистан, эътибор ба хурду бузурги кишвар, суҳбати самимӣ бо мардум, ташриф ба нуктаҳои дурдасти Ватани азиз-Тоҷикистон нишонаи инсондӯстии ин марди шариф аст ва ин ҳадди эътибор бояд афзоиш ёбад.

Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони  масъулияти давлатдориро ба ӯҳда доштанашон некбин буданду ҳастанд ва бар иҷрои ҳадафҳои ояндасозу ободкоронаашон  камари ҳиммат баста, имрӯз бар хурду бузурги кишвар муҳтарамтар ва маҳбубтар гаштаанд.

Муҳим аз ҳама, Пешвои миллат дар давраи фаъолияти хеш ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд барои таъмини амнияти миллӣ, сулҳу суббот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ камари ҳиммат банданд ва имрӯз ин арзишҳо дар кишварамон ҳукмфармо ҳастанд. Метавон қайд кард, ки рушди ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардум дар сурати мавҷудияти арзишҳои номбаршуда ба миён меояд. Яъне авваллан ва умдатарин масоили ҳаёт оромӣ ва суббот аст.

Бояд қайд кард, ки  дар шароити кунунӣ зимоми давлатро бар ӯҳда доштан, дар имрӯза шароити бисёр мушкил, ки дар саросари кураи Замин бархӯрдҳои манфиатҷӯёна ва нақшаҳои пасипардагӣ мавҷуд ҳастанд  танҳо таҷриба, малакаи кордонӣ, сиёсати  дурбинона, оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар ин миён ҳамчун намунаи олии давлатдорӣ зарурист ва эътимод ба ояндаи дурахшони кишвар ба фаъолияти созгори ин фарзанди фарзонаи халқ пайванди ногусастанӣ дорад.

                   М.Ниёззода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *