Рубрики
Uncategorized

МАҚОМИ СЕЮМИ ДАСТАИ ВИЛОЯТ ДАР МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

Нимаи дуюми санаи 5 октябр Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”  дастаи  футболбозони ғайрикасбии “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт. Мавсуф дар оғози суханронии хеш аз дастгирии давлат ва Ҳукумати кишвар, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбати ҷавонон ва варзиш ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи футбол, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон рӯи кор омад, пеш аз ҳама ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба машғулияти ҷисмонии варзишӣ ва тарғиби васеи бозии футбол дар саросари мамлакат мебошад. Ҳамзамон мусобиқаи мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳалаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардид.

Дар идомаи мулоқот Исмоилзода Зуфар Муртазохон барои бозии ҷолиб ва дидании дастаи “Содирхон Ҳофиз” изҳори миннатдорӣ намуда, аз футболбозон даъват ба амал овард, ки ҳамсафону пайравони худро ба ин намуди мусобиқа, ки дар ҷаҳон варзиши рақами як маҳсуб мешавад, бештар ҷалб намоянд. Тасмим шуд, ки баргузории мусобиқаи хурди футбол минбаъд дар вилоят дар пайравӣ аз Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ анъанавӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Содирхон Ҳофиз”-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун ғолиби даври вилоятӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шарафи вилоятро шоиста муаррифӣ намуда,  байни  8 даста мақоми сеюмро касб намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *