Рубрики
Uncategorized

Маҳкуми терроризму экстремизм

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Терроризм ба ягон дин ва мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаъи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд бо ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар бо забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи душман бовар накунанд. Мо бояд ҷавонону наврасонро фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмат ба падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Солиева Муяссара – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *