Рубрики
Uncategorized

Маҳкум мекунем

         Мо, собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳуҷуми аҳдшиканона ва мусаллаҳонаи сарбозони қирғизро ба хоки Ватани азизамон маҳкум менамоем. Ин хабари мудҳиш дили ҳар яки моро ғамборон кард. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик тӯли мавҷудияти худ ба сари ягон халқият ва ё миллате лашкар накашидааст. Вале фарзандони асилаш дар набардҳо бо душманон мардонагию истодагарӣ намудаанд.

         Қаҳрамонии Спитамену Доро, Деваштичу Рустамбек, Восеъю Темурмалик ва садҳо дигар мардони асилро таърих фаромӯш намекунад. Ва насли имрӯзаи миллат низ корнамоиҳои онҳоро такрор мекунанд. Мардуми тоҷик бо мардуми қирғиз садсолаҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ кардаанд. Ин ду халқи бо ҳам дӯсту ошно нисбати якдигар душманию хусумат надоранд.

         Муборизаю кашмакашиҳои марзӣ бо дасти роҳбарони аввали ин кишвар амалӣ шуд. Онҳо сӯи мардуми осуда тир холӣ карданд, онҳоро бо тайёраи бесарнишин гулӯлаборон карданд, ки дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон ҳам ҳастанд.

         Мо ин амали онҳоро қатъиян маҳкум намуда, аз номи бузургон гуфтанием, ки “Сулҳ беҳ аз ҷангу доварист”.

         Мо, собиқадорон, мехоҳем, ки қирғизҳо ба аҳди оташбас қатъӣ риоя намоянд.

         Сулҳу амонӣ бояд ғалаба кунад.

         Нест бод, ҷанг!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *