Рубрики
Uncategorized

МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО”

16 июни соли ҷорӣ дар асоси барқияи Шӯрои вилоятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо» бахшида ба 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва бастани Созишномаи истиқрори сулҳ баргузор гардид.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина Қодир, мудири шӯъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов, Равшан Усанов устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аъзоёни Шӯрои шаҳрии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.

Сараввал муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода суханронӣ карда, дар мавзӯи «Ваҳдат-бақои давлат» маърӯза намуд. Сипас ҳайати гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина Қодир табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ-ро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони Истаравшани бостониро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт.

Дар идома мудири шӯъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фаррух Зоҳидов ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Равшан Усанов доир ба имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Раиси ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳи тоҷикон, муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ташрифи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, аз он ҷумла ба вилояти Суғд суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон шоираи ширинкалом Раънои Сафарзод шеърҳои дар васфи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод намудаи хешро пешкаши ҳозирин гардонид. Дар идома рӯзноманигори варзида Сайфулло Махкамов доир ба хотираҳои худ аз сафар ба шаҳри Бохтар дар солҳои навадум ва ба ин ноҳия бурдани кӯмаки мардуми Истаравшан ва душвориҳои роҳ дар он давра, ки ҳар лаҳза мухолифини зиреҳбадаст эҷод мекарданд, гуфта гузашт. Доктори илм, адабиётшинос Наргис Аслонова, ки дар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки сарварҳои ду кишвар Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барпо гардид, иштирок карда буд, таассуротҳои худро баён намуд, ки мақбули иштирокдоштагон гардид.

Сипас хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №20 ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо барномаи рангини хеш дар васфи Пешвои миллат, Ваҳдат, сулҳу дӯстӣ ба маҳфили мазкур шукӯҳи тоза бахшиданд.

Дар фарҷоми маҳфили илмӣ-адабӣ аз ҷониби масъулин ба раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Шариф Гадойбоев сипосномаи Раиси вилояти Суғд, Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба таври тантанавӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *