Рубрики
Last News

Маҳфили “Пайванди наслҳо”

Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ташкилоти ибтидоии назди ҷамоати деҳоти “Пошкент”-и шаҳри Истаравшан маҳфили “Пайванди наслҳо” баргузор гардид, ки дар он раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидҷон Зокиров, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Фирдавсхон Саидов, собиқадорони ҲХДТ ва меҳнат, ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки вохӯрии собиқадорон бо ҷавонон ин раҳнамун намудани ҷавонон ба роҳи дурусти зиндагӣ, аз тарафи ҷавонон бошад, давом додани кору пайкори падарони шӯҳратманд ва меҳнатқаринашон мебошад.

Дар ҷамъомад раиси шӯрои ҷанговарони байналмиллал, полковник Мирзо Олимов ва собиқадори меҳнат Саидмирзо Мирзоев дар бораи баргузории Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи душвори сиёсии он солҳо нақл карданд. Сипас деҳқони асил, собиқадори меҳнат Саидмурод Миразимов дар бораи ташриф овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Истаравшан ва дидан кардани Ҷаноби Олӣ аз токзори он кас ва маслиҳатҳои пурқимати додаашон сухан карданд.

Баромади ин пирони рӯзгордида, ки таърихи зиндаи ҳаётанд, ба ҷавонон хеле писанд омад ва дар навбати худ аъзои фаъоли ҲХДТ, сокинони деҳа, мутахассиси раёсати маориф Ҷаҳонгир Махкамов, омӯзгори МТМУ №43 Каримова Мастура ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан А.Фозилов баромад намуда, аз номи ҷавонон ваъда доданд, ки кори неки падарони шӯҳратмандро давом медиҳанд ва чун давомдиҳандагони онҳо ба боварӣ сазовор гашта, барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҷамъомад раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қайюмов баромад намуда, гузаронидани маҳфили “Пайванди наслҳо” – ро иқдоми нек донистанд ва таклиф намуданд, ки чунин ҷамъомадҳо дар тамоми ҷамоатҳои деҳот баргузор карда шавад.

Раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд С.Зокиров дар баромади худ миннатдории худро ба собиқадорони ҲХДТ ва меҳнат баён карда, гуфтанд, ки суханҳои самимонаи Шумо ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, садоқат ба он, омода будан ба хизмату дифои Ватан даъват мекунад.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов дар баромади худ қайд намуд, ки ба маҳфили ҷавонони фаъол боз ҳам бештар ҷалб карда шаванд. Дар охири ҷамъомад раиси Ҷамоати деҳоти “Пошкент” Алиназар Мирзоназаров баромад намуда меҳмонони азизро ба ҷамоати деҳот хайра мақдам гуфт ва баргузории маҳфилро ҷонибдорӣ намуд.

Инчунин ба як қатор ҷавононе, ки ба тозагӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гаштанд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *