Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба баргузории маҷлисҳои Раёсати КИ ҲХДТ санаи 14.04.2021 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳия доир гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фаррух Зоидов ширкат варзиданд.
Дар маҷлис аъзоёни раёсат, аъзоёни Кумита, вакилон, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич се масъала баррасӣ карда шуданд:
Аз руи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис доири муқоисакунии ҳаракати аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сухан ба сармутахассиси омори КИ ХХДТ дода шуд. Зимни суханронӣ ыайд карда шуд, ки дар фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия муқоисакунии ҳаракати аъзо дар ташкилотҳои ҳизбӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома, намояндаи Маркази ёрии иҷтимоӣ Раҳматова Матлуба баромад намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм сухан ба вакил Эгамов Нуралӣ дода шуд. Дар охир қайд карда шуд, ки бояд аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумат, ҳадафҳои созандаи ҳизбро васеъ тарғиб намуда, барои афзун намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибэҳтирому ватандӯст, хештаншиносу некбин ҳиссагузор бошанд. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо сухани ҷамъбастии мудири шӯъбаи омори КИВ ҲХДТ Зоидов Фаррух хотима ёфта, муҳтавои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М. ба аъзои Кумитаи иҷроия ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ расонида шуд.