Рубрики
Last News

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Санаи 13.04.2021 дар толори МИҲД-и ноҳия ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ барои семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, аъзоёни кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода маҷлисро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти КИ дар ноҳияи Айнӣ дар семоҳи соли 2021 баромад намуд. Дар ҷараёни маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии “Мадад” Раҳимов Фотеҳ ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Гулзода Шералиева ба музокира баромада, отрофи фаъолияти ҳизбии ташкилотҳои ибтидоӣ суханронӣ намуда, фаъолияти семоҳаи кумиҷроияи ноҳияро қанотбахш ҳисобиданд.

Инчунин Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим фаъолияти кумиҷроияро назаррас ҳисобида, доир ба натиҷаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дуруст ба роҳ намондани фаъолияти бархе аз раисони ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар яки аъзоёни Раёсати кумиҷроия, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ даъват ба амал оварданд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар пиёдасозии сиёсати созандаи Раиси муазами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузоранд.

Ҳамзамон раиси кумиҷроия дар идомаи маҷлис аз рӯи масъалаҳои ҷойдошта суханронӣ намуда, қарорҳои маҷлиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба қабули аъзоёни нав, таъисиси ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино” дар назди Беморхонаи минтақавии Урметан, ивази номи ташкилоти “Тоҷиктелеком” ба номи “Матбуот” доир ба қатъи фаъолияти аъзоёни фавтида, боздоштани аъзои ташкилоти ибтидоии “Хизматчӣ” бо сабаби сафар ба хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои ҷорӣ маълумот дода, барои баррасӣ ба аъзоён пешниҳод намуданд, ки онро аъзоёни Кумиҷроия ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Зимни маҷлис аз ҷониби аъзои кумиҷроия, собиқадори меҳнат Шодиқул Бобоҷонов пешниҳод гардид, ки баҳри даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ ва иҷрои талаботҳои Оиннома ҲХДТ дар ҳамбастагӣ корро беҳтар намуда, бетарафӣ зоҳир накунем. Зеро барои барқарор намудани суботи сиёсӣ ва Истиқлолияти меҳнан роҳбарияти ҲХДТ мушкилиҳои зиёди рӯзгорро паси сар намуда, бароямон зиндагии шоистаро рӯи кор оварданд.

Дар интиҳо бо ширкати бевоситаи собиқадорои меҳнат ба якчанд ҷавононе, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ дархост намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *