Рубрики
Last News

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 14 апрели соли 2021 дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони халқ, собиқадорон, занон, ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Дар маҷлис шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

Аз рӯи масъалаи якуми маҷлиси Раёсат муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон ба сухан баромада оид ба иҷрои дархосту пешниҳоди интихобкунандагон дар ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ доир ба беҳтар кардани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ, омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои пешниҳоднаамудаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроия, иҷроиши самараноки нақшаю чорабиниҳо пешниҳоди мушаххас баён намуд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари шахсони дахлдор ба сухан баромада оид ба ҳолати ҳозираи ҳар як соҳа ва баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ибрози ақида намуданд.

Дар охир мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам баромад намуда масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбиро баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани нимсолаи аввали соли 2021, бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намудани интихоботи миёнадаврӣ оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндангони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 18 апрели соли 2021 баргузор мегардад дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо ҳамин маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кори худро анҷом дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *