Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

Санаи 13-уми апрели соли равон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон таҳти Раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон – Муслимахон Ҷамолиён баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд- Мадинахон Салимзода , аъзоёни Раёсат, Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва кормандони Кумиҷроияи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон – Муслимахон Ҷамолиён маҷлисро ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъолияти КИ дар шаҳри Гулистон дар семоҳи соли 2021 баромад намуд. Ҳамзамон раиси кумиҷроия аз рӯи масъалаҳои ҷойдошта суханронӣ намуда, қарорҳои маҷлиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба қабули аъзоёни нав, ба хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои ҷорӣ маълумот дода, барои баррасӣ ба аъзоён пешниҳод намуданд, ки онро аъзоёни Кумиҷроия ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд- Мадинахон Салимзода оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.

Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *