Рубрики
Last News

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ доир ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Ҷаласаро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа, шинос намуд. Дар маҷлис шаш масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Нахуст раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба фаъолияти кумиҷроия дар давраи семоҳаи аввали соли равон ахборот пешниҳод намуд. Сипас, рафти баргузории вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаву корхонаҳо оид ба омузиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти молиявии кумиҷроия, тасдиқи фармоишҳои раиси кумиҷроия, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, қатъ, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб дар давраи семоҳаи аввали соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар маҷлиси маҷлиси мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва аъзои Раёсат, муовини раиси шаҳри Хуҷан Фирӯза Нуруллозода ширкат намуда, ҷиҳати роҳандозии корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули сифатноки аъзо ба сафи ҲХДТ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир барои масъулияти баланд ҷиҳати тарбияи шоистаи фарзанд як нафар бо сипосномаи Кумитаи иҷроия Марказии ҲХДТ ва барои фаъолияти пурсамар як нафар бо медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва як нафар бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *