Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси тантанавии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Санаи 27-уми августи соли 2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси умумимиллӣ – 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар маҷлис Зоидов Олимҷон – намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд – муовини раиси шаҳри Исфара, Зиёваддинзода Суруридин – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, собиқадорону фаъолони ҳизб иштирок намуданд..

Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода С. Р. баромад намуда, меҳмонон ва аҳли толорро хуш омадед гуфта, аз номи КИШ аҳли нишастро бо ҷашни муқаддаси дар пеш истода – 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбодӣ намуд.

Инчунин аз номи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон ва аз номи раиси шаҳри Исфара  Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд ҳозиринро ба ин ҷашни муқаддас табрик намуданд.

         Дар фарҷоми маҷлис барои саҳми арзанда ва назаррас дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, дастовардҳои даврони истиқлолият, татбиқи барномаҳои ҳизбиву давлатӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар амалисозии сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамчунин  якчанд нафар ҷавонони болаёқату фаъол  ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд.

Дар охир барномаи фарҳангии омода намудаи бахши фарҳанги МИҲД – и шаҳри Исфара пешниҳоди ҳозирин гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *