Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ВА ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОЛОРИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт санаи 20-уми майи соли равон бахшида ба муносибати Рӯзи ҷавонон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони “Ҷавонон муаррифгари ҷомеаи муосир” доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва зиёда аз 250 нафар ҷавонони фаъол аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшида, суханро барои табрикоти ҷавонон ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, Саидбой Зокиров ва намояндаи МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар дод.

Муовини раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар дар суханронии худ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти ҷавонон изҳори назар карданд.

Инчунин, дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оиди фаъолияти назаррас ва мувафаққиятҳои ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ва баланд бардоштани мақому манзалати ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон суханронӣ намуда, тамоми ҷавонони диёрро ба муносибати Рӯзи ҷавонон таҳният намуд.

Сипас, якчанд нафар ҷавонони фаъоли ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ гардиданд ва ба 10 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия, ки ба сафи ҳизб навқабулгардидаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт супорида шуд.

Дар охири чорабинӣ барномаи консертие, ки аз тарафи санъаткорони ноҳия омода гардида буд, ба чорабинӣ ҳусну таровати хосае зам намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *