Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НАЗДИ ФИЛИАЛИ №26-И БДА ҶТ “АМОНАТБОНК” ДАР НОҲИЯИ АШТ

Рузи гузашта Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди филиали №26 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт доир ба се масъалаи муҳим якум- Таин ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, дуюм- ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, обуна ва масъалаи сеюм, масъалаҳои ҷорӣ маҷлис доир гардид. Аз рӯи масъалаи якум ва дуюми маҷлис таин ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, баргузор намудани амалиёти “Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ-ифтихори ман” ва “Обуна-2022” ба нашрияҳоии ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ баромад намуда, қайд кард, ки бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Филиали №26 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт бояд, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро интихоб намоем. Баромадкунандагон Шарипова Г, Одиев А ва дигар кормандон номзадии Бобозода Хуршед Сайфуллоро пешниҳод намуда, бо як овоз Бобозода Хуршедро ба раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди Филиали №26 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт интихоб намуданд.Сипас, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди Филиали №26 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт Бобозода Хуршед Сайфулло ба сухан баромада, миннатдории хешро барои дастгирӣ ва тарафдорони аъзоёни ҳизб баён кард.Дар охир, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия қадршиносӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *