Рубрики
Uncategorized

Ҷ.Расулов:МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КАТС”

Санаи 29 июни соли 2021 дар толори ТИ «КАТС» Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Исматҷонов Бахтиёр – Роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Одилзода Рустам – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Валиматова Муҳайё – раиси ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлиси мазкур мутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

1. Ҳисоботи раиси ТИ дар бораи фаъолияти ТИ дар давраи ҳисоботӣ;

2. Рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбӣ – “Минбари халқ” ва “Сухани ҳалқ” барои соли 2022;

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

Дар ҷараёни маҷлис қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қабул гардиданд.

Сипас, Хонзода Абдураҳмон Умар – Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба сухан баромада фаъолияти ташкилоти ибтидоиро «қаноатбахш» арзёбӣ намуд ва баҳри баланд бардоштани нуфузу мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *