Санаи 22.10.2021 сол дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид. Дар маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Шоаҳмедов Исматшо, раисони ташкилотҳои ибтидои, собиқадорон ва аъзоёни фаъоли ҳизб иштирок намуданд. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо ифтитоҳ намуда, се масъала мавриди муҳокима ва барраси қарор дода шуд. Оид ба масълаи якум фаъолияти кумитаи иҷроия дар нуҳ моҳи давраи ҳисоботӣ Раиси Кумитаи иҷроия Ҳабибуллозода Шаҳринисо баромад намуданд. Доир ба масъалаи дуюм мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот кумитаи иҷроия Обидов Илёс ва ҳамзамон оид ба масълаи сеюми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов Соҳибҷон баромад намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо суханронӣ намуда, миннатдории хеш ва роҳбарияти ҳизбро ба азоёни ситоди обуна ва раисони ташкилотҳои ҳизбӣ барои фаъолонаи иштирок намудан дар маракаи “Обуна -2022” ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари Халқ” ва “Сухани Халқ” баён намуданд. Инчунин оид ба иҷрои Фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаи беҳтарин” ва мусоидат дар муташаккилона доир намудани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуда, ба як қатор раисони ташкилотҳои ибтидои оид ба масъалаҳои мазкур ва дар тақвияти кори дохилҳизбӣ эродҳо дода шуд.
Рубрики
Маҷлиси ҷамбасти нуҳ моҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон
