Рубрики
Last News

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Рӯзи гузашта маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барпо гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истарвшан Маъмурзода Адҳам, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон иштирок доштанд.

Дар маҷлис аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев баромад карда, дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 маълумот дод, дастовардҳои ҳизбиёнро зикр намуда, камбудиҳои дар фаъолияти корӣ ҷойдоштаро таъкид  кард ва вазифаҳои ҳизбиёнро дар соли 2021 муайян кард.

Аз рӯи масъалаи дуюм дар бораи “Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба вазъи молиявӣ ва пардохти аъзоҳаққӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар соли 2020” раиси комиссияи тафтишотӣ Абдураҳмонзода Афзуналӣ ҳозиринро бо ҳисоботи молиявии Кумиҷроияи шаҳрӣ дар соли 2020 шинос кард.

Аз рӯи ин масъалаҳо раиси ташкилоти ибтидоии «Сино» Зебонисо Раҳимова, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “КАТС” Тоҳир Акрамов, сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар муҳокима иштирок ва баромад намуданд.

Дар маҷлис Низомномаи озмуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил гаштан ба унвони «Кумитаи иҷроияи ибтидоии беҳтарин» ва «Ташкилоти ибтидоии беҳтарин» қабул гардид. Инчунин нақшаи кории фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан барои соли 2021 ва як қатор қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ тасдиқ карда шуданд.

Дар маҷлис аъзоёни ҳизб Мӯъминова Фирӯза, Расулов Аслиддин, Назарова Шаҳло, Мансурова Марҳамат, Раънои Зоирдухт бо иқдом баромад намуда, тасмим гирифтанд, ки ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Дар фарҷом маҷлис фаъолони ҲХДТ, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми басазо гузоштанд бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан сарфароз гардонида шуда, ба як зумра фаъолон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *