Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ АШТ

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ҳузур доштанд. Инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон, занону ҷавонон ва фаъолони ҳизб низ ширкат доштанд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ба сухан баромада, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоӣ он дар давоми соли 2020 мутобиқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (аз санаи 26.12.2019 сол), иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷумани XIII-и васеи КИМ ҲХДТ санаи 13.12.2019 сол баён гардида ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, пешгирии терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби ҳаёти солим, тафсиру тарғиби қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо маърӯзаи муфассал кард.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи марказии ноҳия Имомов А ва вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии “Қароқазон”-№16 Деҳқонова Ё ба сухан баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро дар давоми соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Сипас, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр оид ба давраи соли 2020, ки давраи хеле ҳасоссу нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, оқибатҳои ин вазъияти ба амаломада ва фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт давоми соли 2020 фикру андешаҳои худро баён дошта барои фаъолияти назаррасӣ Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ миннатдории хешро баён намуд.

Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ба сухан баромада, доир ба роҳ мондани тарзу усули нави корбарӣ дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии он, инчунин ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карданд.

Баъдан аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар Тошматович шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, васеъ шарҳ дода шуд.

Дар анҷоми маҷлис муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ бо Медали ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, 4-нафар шахсони арзанда бо сипоснома ва туҳфаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва якчанд нафар фаъолону собиқадорон, ки дар таҳкими тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳми арзандаи худро гузошта, дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намудаанд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуда, ба 10 нафар ҷавонони нав ба сафи ҳизб қабулгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *