Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти яксолинаи худро бо иштироки Раиси вилояти Суғд, узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода , муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, аъзоёни кумиҷроияи вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, бонувон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа, ҳайати котибот, регламентӣ корӣ ба муҳокимаи масъалаҳои дар ҷаласа зикршуда пардохтанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд  дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 4948 нафар зиёд гардида, ба 150 ҳазору 595 нафар расид. Аз ин шумора 84 ҳазору 284 нафарро занон ва 57 ҳазору 425 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин давра, кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд-1120 нафар, Конибодом-575 нафар, Бӯстон-546 нафар, Айнӣ-519 нафар, Исфара-468 нафар, Ҷ.Расулов-467нафар, Б. Ғафуров – 457 нафар ва Панҷакент- 421 нафар сафи аъзоёни ҳизбро зиёд карданд. Тибқи талаботи Оинномаи ҳизб ва дар асоси Низомнома дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории узвияти ҲХДТ давоми сол 1238 нафар аз қайди кумиҷроия баровардашуда, 1210  нафар ба қайд гирифта шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ, 39 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зиёд гардида, алҳол шумораи он дар вилоят ба 1365 адад расид.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод, дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ суханронӣ намуданд.

Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон оид ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар вилояти Суғд ва  нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.

Дар идома мавсуф дар бораи вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷалби олимону зиёиён, дар ҳамкорӣ бо аъзои кумиҷроияи вилоятӣ ва вакилон ҳалли мушкилиҳои мардум, рафти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, таваҷҷуҳи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд

Раиси вилояти Суғд муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки воқеъияти рӯз талаб дорад, ки ба фаъолияти ҳизб аз равзанаи воқеӣ баҳогузорӣ карда шавад. Вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб ин пеш аз ҳама то ба мардум бурда расонидани дастовардҳои даврони соҳибстиқлолӣ, тарбияи маънавии ҷавонон ва дар фазои худшиносӣ тарбия намудани онҳо, мубориза ба амалҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб нашудани наврасон, шомил нашудани наврасону ҷавонон ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ бояд бошад.

Дар идомаи кори ҷаласа нақшаи кории кумиҷроияи вилоятӣ барои нимсолаи аввал, нақшаи чорабинӣ вобаста тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ  тасдиқ гардида, ҳамзамон ба ҳайати кумитаи иҷроияи ва Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ тағйироти кадрӣ ворид гардид. Ҳамин тавр Мадина Салимзода муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таъин гардиданд.  

Дар фарҷом барои самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ ва ба истиқболи сазовори  30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд фаъолони ҳизб, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти босамар нишон додаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаи иҷроияи вилоятӣ қадршиносӣ гардидаанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *