Рубрики
Uncategorized

Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

Санаи 22 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ТИ “Фарҳангчиён” маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2021 бо иштироки аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ, вакилони халқ ва собиқадорони ҳизб баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух Абдуқодирович, муовини раиси ноҳия Шарифзода Меҳриддин Шариф, ширкат намуданд. Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир оғоз намуда, баррасии масъалаҳои зеринро пешниҳод намуд. 1.Натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деиократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод давоми нуҳмоҳи соли 2021. 2. Рафти иҷрои нақшаи меъёри обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”. 3. Мусоидат дар муташакикилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ. 4. Рафти иҷрои фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 12 январи соли 2021 таҳти №1 “Дар бораи баргузории озмуни вилоятии Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ ва шуъбаҳои беҳтарин” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5. Маъалаҳои ҷорӣ Оид ба масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зафаробод Шарифзода Туйғун баромад намуда, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Сипас раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияро хуб арзёбӣ намуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух Абдуқодирович доир ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод давоми нуҳ моҳи соли 2021 андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати пешрафти самараноки фаъолият дастурҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба ҳозирин расонид. Қайд карда шуд, ки ҳар як роҳбари ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои ҳизбро зарур аст, ки масъулияти бештарро дар иҷрои дастурҳои роҳнамои КИМ ва КИВ ҲХДТ роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин номаи сипоси роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррасро ба роҳ монданд, расонида шуд. Муовини раиси ноҳияи Зафаробод Шарифзода Меҳриддин Шариф дар баромади худ доир ба масъалаҳои матраҳгардидаи маҷлис натиҷабардорӣ намуда, аз ҷумла доир ба саривақт иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дод. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун дар фарҷоми маҷлис вобаста ба вусъати тоза бахшидан ба раванди обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, вусъати иҷрои саривақтии обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, беҳтар кардани масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ пешниҳоди мушаххас баён намуд. Маҷлис бо баррасии масъалаҳо ва тасвиби қарорҳои дахлдор кори худро анҷом дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *