Рубрики
Last News

МЕСАРОЯМ МАН СУРУДИ СУЛҲРО БО ХУНИ ДИЛ

Имрӯз толори бошукӯҳи Лоиқи шаҳри Панҷакент пур аз ҳаводорони ашъори ноби Шоири Халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буд.

Ин ҷо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯёни донишкадаи омӯзгорӣ, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, хонандагони литсеи касбӣ- техникӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ба ифтихори 110- солагии устод Мирзо Турсунзода барномаи ҷолиби адабӣ- ҳунарӣ омода ва пешкаш гардид.

Раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода дар ифтитоҳи маҳфил дар бораи мавзӯъҳои ашъори ин шоири тавоно, аз ҷумла васфи сулҳу дӯстӣ, зан- модар, Ватан , нақши ӯ чун муаррифгари адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик сухан кард.

Пасон, донишҷӯёну хонандагон дар бораи паҳлуҳои гуногуни ашъори Мирзо Турсунзода гузоришҳо ироа намуда, шеърҳо ва пораҳо аз достону манзумаҳои устодро қироат намуданд.

Барномаи ҳунарии маҳфил, хоса мушоираи донишҷӯёни донишкадаи омӯзгорӣ ва сюитаи рақсӣ зери навои мусиқии суруди машҳури Ҳунарманди мардумии Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов “ Агар аз гиря кардан об мешуд , дил дили ман буд”, ки мазмуну мӯҳтавои онро донишҷӯдухтарони коллеҷи омӯзгории шаҳр бо роҳбарии устоди рақс Абдумалик Сиддиқов ҳунармандона иҷро намуданд ва дигар сурудҳо бар ашъори шоир дар иҷрои донишҷӯёну хонандагон хеле писанд омад.

Раиси Кумитаи иҷроия М. Шукурзода дар анҷоми маҳфил ба устодони муассисаҳои таълимӣ, ки дар таҳияи ин барномаи ҷолиб саҳм гузоштаанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *