Рубрики
Last News

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАСЛГАРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

Бахшида ба 110 – солагии шоири ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон чорабинии илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон – мудири бахши занон ва ҷавонон Примқулова З.М иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ хонандагон аз ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода маълумоти муфассал дода, аз ашъори пурғановаташ шеъру таронаҳо суруданд ва аз лаҳзаҳои ҳаёти шоир саҳначаҳо пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Примқулова З.М дар баромади худ зикр намуд, ки садои ашъори шоирро метавон аз ҳар як хонадон бишнид, ягон нафар нест, ки аз эҷодиёти устод бебаҳра монда бошад, чун ӯ барои дӯст ҳамдаму барои душман теғи ҷавҳардор буд ва ба халқҳо роҳи бахту саодат нишон медод.

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *