Рубрики
Last News

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ САОДАТИ ХАЛҚ

Дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи бофанда” аз ҷониби тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматови ноҳияи Шаҳристон шаби адабӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – вассофи саодати халқ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷониби китобдори филиали №1-и Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Шаҳристон дар интернати наздимактабӣ Шаропова М дар ҳамкорӣ бо омӯзгори интернати мазкур Додобоева Э омода карда шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Каримова Ш.Ҳ ва мудири бахши занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова З.М низ ширкат варзиданд. Шаби адабиро тарбиятгирандагон бо суруди миллӣ оғоз намуда, сипас оид ба фаъолияти Мирзо Турсунзода маълумоти пурра дода аз ашъори шоир ва дар васфи шоир шеърҳо қироат намуданд. Чорабинии мазкурро гулдухтарони интернати наздимактабӣ бо рақсҳои дилорои худ ҳусни анҷом бахшиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ мудири бахши занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова З.М баромад намуда, миннатдории худ ва Кумитаи иҷроияро ба кулли тарбиятгирандагони интернати мазкур ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ расонида, барои тарбиятгирандагон таъкид намуд, ки вақтҳои холигии худро бисёртар дар китобхона гузаронида, нафақат аз ашъори Мирзо Турсунзода, балки аз ашъори тамоми шоирону нависандагони муосиру классик низ шеъру ғазалҳо, рубоиву дубайтаҳо, достонҳо, асару романҳоро аз худ намуда, иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардида бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *