Ҷашнвораи имсолаи моро , ки ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон,суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик, Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард. Ин табиист, зеро осори Мирзо Турсунзода саропо аз андешаҳои истиқлолхоҳӣ барои мардуми ҷафодидаи Машриқзамин ва ваҳдати халқи ҷаҳон саршор аст. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ,Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим,Мирсаид Миршакар,Муҳаммадҷон Раҳимӣ,Абдусалом Деҳотӣ,Раҳим Ҷалил,Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буд. Ва ӯ ҳамчун шогирди ду абармарди адабиёти муосир Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ тавассути адабиёту матбуот ба хизмати халқу Ватан камар мебандад. Мирзо Турсунзода ва ҳамсафонаш бо муҳаббат ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ бо эҷоди ҳар як асар ва ширкат дар сохтмонҳои азим хиштҳои нахустини созандагии Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро мегузоштанд, ба мардум рӯҳу равони тоза мебахшиданд. Мирзо Турсунзода барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарҳиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олӣ- Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. Ӯ иштирокчии фаъоли ҳаракати адабии солҳои навсозии тоҷикистон буд ва нахустин маҷмӯаи шеъру ҳикояҳояш таҳти унвони “Байроқи зафар” ҳанӯз дар соли 1932 дар Душанбе интишор ёфт. Устод Миорзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист , вассофи шӯълавари дӯстиву бародарии халқҳо ,Раиси Иттифоқи нависандагони Тоқикистон, қаҳрамони меҳнат, дорандаи Ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва дигар ҷоизаҳои олии давр , аз ҷумлаҶоизаи байналмилалии Ҷавоҳирлаъл Неҳру ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст.
Рубрики