Рубрики
Uncategorized

Модар яктост, Тоҷикистон яктост

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ озмуни иншои беҳтаринро таҳти унвони “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” роҳандозӣ намуд. Марҳилаи аввали озмун миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 массисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид, ки дар он 28 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот ширкат варзиданд. Марҳилаи дуюми озмун бошад миёни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии шаҳр баргузор карда шуд. Ғолибони озмун муайян кард шуда, онҳо дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар қадршиносӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *