Хабари омадани сели даҳшатбор дар шаҳри Кулоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва хисороти зиёди ҷонию молии ҳамватанон моро дилреш намуд. Бадбахтона, ин навбат сел боиси марги чанд нафар гардид, ки барои на танҳо наздикони онҳо , балки ҳамаи мо- ҳамватанон, фоҷеа аст.
Ин хабарро сокинон ва ҳизбиёни шаҳри Панҷакент, ки борҳо ба асари сел ва дигар офатҳои табиӣ зиёни ҷонию моддӣ дида буданд, ҳамин гуна пазируфтанд ва ҳамдардиашонро ба оилаҳое, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳор медоранд. Чи кунем, ки 93 дарсади Ватани мо кӯҳистон аст ва эҳтимоли селу ярч, дигар ҳодисаҳои фалокатбори табиӣ кам нест.
Баробари ин аминем, ки роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати мамлакат, ҳамватанон бародарони Кӯлобро дар ин лаҳзаҳои душвор танҳо намегузоранд ва барои бартараф кардани оқибатҳои ин офат ҳамаи корро мекунад.
Маҳз бо ҳамин дастгирию пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оқибати сели фоҷиабори соли 2005-ум дар ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент дар муддати кӯтоҳ бартараф шуда, барои зиёндидагон бо саҳмгузории ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва тамоми мамлакат дар наздикии ёдгории 5500- солаи Саразм шаҳраки нав бунёд шуд ва бо пешниҳоди Сарвари давлат ба он номи Саразм дода шуд. Ҳоло ин шаҳрак аз минтақаҳои ободи Панҷакет аст.
Кумитаи иҷроияи ҲХД, ҳизбиён, ҳамаи сокинони шаҳри Панҷакент омода ҳастанд дар бартараф намудани оқибати ин офати фоҷибори табиӣ паҳлӯи дӯстону бародарони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қарор гиранд.
Ба онҳое, ки ба асари ин офати табиӣ ҷон бохтаанд, хонаи охирати обод ва ба пайвандони онҳо сабри ҷамил мехоҳем.
Мо бо шумоем, бародарони Кӯлоб.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент