Рубрики
Асосӣ Мақола

Мо тарафдори сулҳу суботем!

АНДЕША: Мутаассифона солҳои охир байни тоҷикону қирғизон якчанд маротиба муноқишаҳои сарҳадӣ ба миён омада, оқибати марги чандин нафар сокинони маҳаллӣ гашт.

Ин ду қавми ҳамсоя ҳазорсолҳо инҷониб чун дӯсту бародар зиндагӣ карда омадаанд. Хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз солҳои 1924-1927 муайяну мушаххас гардида, сад сол инҷониб аз ду тараф ба масъалаҳои марзу бум дахолате падидор нашуда буд.

Ҳоло ҳам тоҷикон ҷонибдори сулҳу салоҳи сартосарии минтақа буда, ҳамеша аз рӯи аҳкоми хирад амал менамоянд.

Аммо мутаасифона санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.

Хушбахтона, баъди чанд соати муноқиша ҷонибҳо ба сари мизи музокира нишаста, даргирӣ қатъ карда шуд. Зеро давлат бесоҳиб нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз пайи таъмини ҳамаҷонибаи осоиштагии халқ аст.

Бояд қайд намоем, ки дар вазъи кунунӣ сокинони Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба дӯстию рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ ниёз доранд. Зеро дар вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон имрӯз роҳи беҳтарини наҷот аз мушкилоҳои муштарак дӯстию бародарӣ миёни халқҳои минтақа мебошад, ки саодату хушбахтӣ меорад, аммо кинаву адоват ба ғайр аз харобию андӯҳ паёмаде беш надорад.

Дар давоми як рӯзи гузашта доир ба ин воқеаҳо бисёр нафарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои худро баён карданд, ҳатто ҳангоматалабон аз фурсат истифода бурда мардумро ба ҷангу мубориза даъват намуданд. Аммо сокинони ҳар ду ҷонибро мебояд, ки ҳар ҳаводису вақоеъро сараввал ба мизони хирад бисанҷанду таҷзия намоянд ва баъд хулосаи худро манзур намоянд.

Мо аъзоёни ҲХДТ ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи сартосарӣ ва муносибати дӯстонаву бекина бо ҳамсоягони хеш ҳастем ва ба хиради азалву иродати матини насли аҷдодони бузургу паҳлавонони таҳамтани худ такя менамоем. Боварии комил дорем, ки ҳукумати ду давлат бо роҳи музокира ва сулҳу субот ҳамаи муамморо ҳал мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *