Рубрики
Last News

МУАЛЛИМОНИ БОТАҶРИБА ШОГИРДОНИ ХУБРО ТАРБИЯТ МЕКУНАНД

Дар даврони Истиқлолият  дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомӯзанд. Дар толори КИ ҲХДТ  вилояти Суғд, кушодашавии навбатии курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо иштироки фаъолон, аъзоёни ҲХДТ,  олимону устодон, собиқадорони ҲХДТ, аъзоёни курси мактаби захираи кадрҳо ва ВАО  баргузор гардид.  Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар сухани ифтитоҳи хеш оид ба мактаби мазкур сухан намуда иброз дошт, ки дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш тайи 4 моҳ дарс хоҳанд гуфт. Дар курси захираи омодасозии кадрҳо мо устодонеро даъват кардем, ки ҳар яке дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст. Дар ҷамъомад собиқадори ҳизб Каромулло Одилов фаъолони ҳизб Назира Ғаффорӣ ва Шавкат Шарипович оид ба муҳимияти ин мактаб дар замони муосир сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бояд онҳо таҷрибаи бузургонро омӯзанд.

Дар фарҷом Раиси ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон яке аз занони сиёсатмадор,  фаъоли ҳизб Назира Ғаффориро, бахшида ба шасти камолоти умр табрику муборакбод намуда, номаи табрикӣ супориданд ва  ба устодон ва шунавандагони  мактаби захираи кадрҳо музаффариятҳоро таманно намуданд.

Сипас дар аввалин машғулияти курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртахон оид ба мавзӯи “ҲХДТ ҳизби созанда ва неруйи бунёдкор“баромад намуда, аз таърихи ташкилёб ва дастоварду пешравии ҲХДТ ба шунавандагон ёдовар шуданд ва машғулият бо саволу ҷавоб судманд анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *