Рубрики
Асосӣ

Мулоқоти судманд

     Дар толори хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот бо ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада доир ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пойдории фазои қонуният дар кишвар, пешгирии содиршавии зуҳуроти номатлуб аз ҷониби ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мулоқот муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва як қатор фаъолони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Замира Мансурӣ доир ба фикру ақидаҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани урфу одати ба миллати мо бегона ва ба ин васила барҳам додани арзишҳои миллӣ ва Тоҷикистон, доир ба тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, доир ба мураккабшавии вазъи сиёсии аксар кишварҳои ҷаҳон ва таъсири он ба Тоҷикистон, талаботҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии фаъолияти ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ибрози ақида намуда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҷиҳати нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мо бояд аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.

Ҳамзамон, дар мулоқот як қатор донишҷӯёни фаъол низ доир ба маҳкум намудани амалҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи сулҳу субот ва ободии кишвар ибрози ақида намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *