Рубрики
Uncategorized

Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм бо интихобкунандагон

Дар доираи вохӯриҳо, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия Муродзода Муқим Қаюм ба деҳаи Анзоби Ҷамоати деҳоти Анзоб сафар намуда, бо интихобкунандагон мулоқот намуданд. Зимни мулоқот, Муродзода М.Қ. доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ, истифодаи сарфакоронаву самаранок ва оқилонаи нерӯи барқ, пешгирии бемории сироятии (COVID-19), рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани донишҳои сиëсии ҷавонон, ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мавридиназар сухан гуфта, интихобкунандагонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд. Ҳамзамон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Раҳимзода баромад намуда, атрофи иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, нақша-чорабиниҳо, ки барои зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, ибрози назар намуданд. Дар интиҳо, интихобкунандагон доири муаммоҳои ҷойдошта ва роҳи ҳалли он бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия Муродзода М.Қ. мубодилаи афкор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *