Рубрики
Асосӣ

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ “ДЕВАШТИЧ-24” БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

         Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич- 24” Исмоилиён Комрон Исмоилзода вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Муҷун мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Равшаной Маъмурзода ва Раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Абдусамад Маҷидов иштирок доштанд. Вакили мардумӣ дар баромади худ ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуда, вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба волидайни онҳо ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандони худ таъкид намуд. Ҳамчунин Исмоилиён Комрон Исмоилзода интихобкунандагони худро ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил, захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ, инчунин корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил рӯёнанд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар фарҷоми мулоқот вакили мардумӣ ба дархосту саволҳо ва пешниҳодҳои интихобкунандагон посух дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *