Рубрики
Асосӣ

МУЛОҚОТУ ВОХУРИҲОИ СУДМАНД

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақши занону бонувон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара нақшаи  комплексиро таҳия ва амалӣ намуда истодааст.

Ташкили вохурию мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар, сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои гуногун ва мубрами рӯз бо фаъолзанон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб як рукни фаъолияти доимии Кумитаи шаҳрӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз чунин чорабиниҳо бо иштироки беш аз 100 нафар занон аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот фаъолзанони тамоми  маҳаллаҳо, омӯзгорон вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҳамаи зинаҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат ширкат варзиданд.

Дар ҷамъомад Гулафзо Ҷураева – раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Ситора Мирзоева – мудири шӯъбаи занони КИШ ҲХДТ, Гавҳар Ҳамроева – директори МТМУ №36,  Гулноз Ҳошимова – мудири шӯъбачаи  огоҳӣ ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғону наврасаон    иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маркази диққати ҳозирин иштирок ва саҳми занони ҷамоати деҳоти Чилгазӣ дар татбиқи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар барои танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии зуроварӣ дар оила, қонунвайронкуниҳо дар байни занону наврасон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон бо ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, баҳои дуруст додан ба ҳама гуна маводҳои муғризонаи душманони миллат дар шабакаҳои интернет, омода намудани ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ истофодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, тақвияти корҳои ташвиқотӣ дар байни занони хонашин  қарор доштанд.

Аксарият дар он ақида буданд, ки навобаста аз корҳои ба анҷомрасонида шуда, дар ин самти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди деҳа ва фаъолзанон ҳоло ҳам камбудию нуқсонҳо, фашангу имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Дар рафти мулоқот таклифу пешниҳодҳои муфид баён гардида, онҳо барои амалӣ намудан ба маълумот гирифта шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои муфид идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *