Рубрики
Асосӣ

АШТ: Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

Санаи 24-уми сентябри соли равон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 20.09.2021 сол мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳайати Саидов Фирдавсхон – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – роҳбари гурӯҳ, Каримзода Хушнуд Каримӣ – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, Умаралиева Ӯ – собиқадори ҳизб, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Раҷабов Б – дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” оид ба пешгирии шомилшавии сокинони вилоят, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаргуна ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳангӣ миллӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маркази саломатии ноҳияи Ашт бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ доир гардид.  

Зимни вохӯри намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  вобаста ба самти муносибати сокинон дар ҷаҳони имрўза, пешгирии шомилшавии бархе аз сокинону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ  ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона намоем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Бинобар сокинону ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *