Рубрики
Last News

Мулоқотҳо дар Саразм

         Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили маҷлиси шаҳрии вакилони халқ Мурод Шукурзода  дар деҳаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботии Кӯҳдоман , № 12 бо сокинон силсилаи мулоқотҳо  баргузор намуд.

          Мурод Шукурзода дар сӯҳбатҳо бо сокинони деҳаҳои Кӯҳдоман, Ҳавзаки боло ва Чиларчаи ҷамоати деҳоти Саразм нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат  шарҳ дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки аз пардохти андози ягона озод намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ барои рушди ин соҳа заминаи боэътимод мегузорад ва деҳқонон аз ин имконият босамар истифода намуда, аз ҳоло ба кишти зироати барвақтӣ машғул шаванд ва ба кишти такрорӣ  омодагӣ гиранд.

          Дар мулоқотҳо ҳамчунин оид ба тарбияи дурусти фарзандон, таваҷҷӯҳ ба таҳсили онҳо дар мактаб, пешгирии гароиш ба ақидаҳои ифротӣ, ба таҳсил дар макотиби миёнаи махсус ва олӣ фаро гирифтани духтарон, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ниҳолшинонӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз сухан рафт.

          Ҳангоми боздид  Мурод Шукурзода, ҳамчунин аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин деҳаҳо дидан намуда, бо шароити таҳсили хонандагон ошно шуд, бо омӯзгорону муҳассилин сӯҳбат намуд ва ба се оилаи эҳтиёҷманд маводи ғизоӣ тақдим кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *