Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой бо гирандагони стипендияи КИ ҲХДТ дар ноҳия мулоқоти судманд доир намуда, ҳамаи онҳоро бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфта, дастовардҳои онҳоро дар самти илму таълим ва иштирокашонро дар озмунҳои мактабиву ноҳиявӣ назаррас арзёбӣ кард.
Рузибой Раҳимзода дар доираи сёсати маорифпарваронаи Пешвои муззами миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар ёдоварӣ карда, аз гирандагони стипендия даъват ба амал оварданд, ки боз ҳам омӯзанд ва ба дастовардҳои илмию техникӣ комёб гардида, ҳамсолону ҳамсабақонашонро ба роҳи илм ва аз худ намудани донишҳои муосир, ҳамчунин донистани забони хориҷӣ ва фанҳои дақиқро талқин намоянд ва ба ин васила мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат гардида, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ба давлату миллати хеш содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар озмуни гирандагони стипендияи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия аз ҳамаи деҳаҳои ноҳия ҷавонони фаъол ширкат варзиданд, ки дар натиҷа 8-нафар аз 8-ҷамоати шаҳраку деҳот бо натиҷаҳои назаррас сазовори гирандаи стипендияи ҲХДТ гардиданд, ки бахшида ба фарорасии Рӯзи Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҷониби раиси кумиҷроия шаҳодатнома ва стипендияи онҳо супорида шуд.