Рубрики
Last News

Мулоқот бо интихобкунандагон

Аъзоёни Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ва Файзуллозода Машраб ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар толори мактаб барои хонандагони болаёқати ҷамоати деҳоти Хистеварз мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар баромади худ Файзуллозода Машраб қайд кард, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шудаанд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ баромади пурмӯҳтаво намуда, зикр кард, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Инчунин мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро чораҳои зарурӣ андешем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Инчунин дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ аз вакилон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *