Рубрики
Last News

Мулоқот бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ

Ҷиҳати иҷрои Барқияи кумиҷроияи вилоятӣ аз 26.04.2021 таҳти рақами №123 Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарони 55 (адад) ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот раиси кумиҷроия оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар як ваҷаб замин, истеҳсолу захира кардани миқдори зарурии маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила, сарфакорию пешгирии исрофкории маводи озуқаворӣ, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Масъулияти падару дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гироми доштани арзишҳои миллӣ, омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилотҳо, ҷалби аъзоёни соҳибхирад ба сафи ҲХДТ, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ дар маҳаллҳо ибрози назар намуданд.

Р. Раҳимзода зимни баромад аз раисони ташкилотҳои ибтидоӣ даъват ба амал оварданд, ки доир ба мавзӯъҳои баррасигардида, дар деҳаҳои худ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, баҳри пойдории суботи сиёсӣ ва некуаҳволии мардум саҳми босазо гузоранд. Бояд гуфт, ки мардум ба машваратҳои амиқу саривақтии фаъолон эътимод баста, онро дар амал татбиқ менамоянд. Аз ин рӯ моро мебояд дар иҷрои вазифа масъулиятшиносиро пешаи худ намуда, мардумро ба роҳи неку иқдомҳои созанда ҳидоят намоем.

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи ноҳиявӣ аз ҳисоби вакилон, занону ҷавонон, фаъолон, собиқадорон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *