Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021 вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, киштукори баҳорӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо аҳли ҷамоатчигии Корхонаи таъмири қатораи Маҳрам роҳандозӣ гардид.
Зимни мулоқот масъулин аз кормандони коргоҳ доир ба саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ, истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани то се ҳосил аз он, захира намудани маводҳои кофии озуқаворӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2021-2022 даъват ба амал оварданд.
Дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ ибрози афкор сурат гирифта, дар ин самт нақши Қонуни мазкур дар боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум қаноатманд арзёбӣ гардид.
Вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯй овардан ҷониби ободониву созандагӣ, рангубор намудани хонаҳои истиқоматӣ ва мунтазам ба роҳ мондани шанбегиҳо даъват ба амал овада шуд.
Ҳамчунин, вобаста ба нақши кормандони коргоҳ дар пешбурди соҳаи саноати кишвар ибрози афкор сурат гирифт.