Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ БО СОКИНОН

      НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ  Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд   тибқи нақшаи тасдиқгардида мулоқот доир гардид.

       Чунин мулоқот  дар ҷамоати деҳоти Овчиқалъача  бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ  ва намояндаи  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

       Зимни мулоқот баромадчиён қайд намуданд, ки дар ҳақиқат,  Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни ин сафари расмӣ  дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ  карданд. Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва дар маҷмуъ зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

    Инчунин дар мулоқот оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолити давлатӣ гуфта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *