Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо ҷавонон

 Дар доираи баргузоии Аксияи “Албом –эстафета” бо донишҷуёни МДТ “Муассисаи давлатии таълимии литсейи саноати кишоварзӣ”-и ноҳия мулокот ташкил карда шуд. Дар мулоқот мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ҳамчунин донишҷуёни муассиса иштирок намуданд. Саидбой Зокиров дар ин ҷамъомади тарғиботӣ доир ба нақши ҷавонон дар эъмори давлати соҳиистиқлоли Тоҷикистон иқдому ташаббускориҳои онҳо, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҷавононро ба дӯст дошатани Ватан омӯзишу аз бар кардани улуми замон ва касбомӯзӣ ҳидоят намуд. Назирҷон Мируллоев дар бораи моҳияти баргузории аксияи “Албом-эстафета таҳти унвони 30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” маълумот дода зикр намуд, ин иқдом тӯҳфаи арзандае ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, Албом ба тамоми шаҳру навоҳии мамлакат меравад. Дар партави аксияи мазкур чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ ва тарғиботӣ ташкил карда мешаванд, ки аз таърих, мақом ва манзалати Иҷлосияи таърихӣ бозгӯӣ хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқот ба як чанд нафар фаъолон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *