Рубрики
Last News

Мулоқот дар Халифа Ҳасан

          Интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар мулоқот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фраксияи ҲХДТ Парвиз  Шодизода дар бораи масъалаҳое сухан карданд, ки ҳалли онҳоро зарур мешуморанд.

          Дар мулоқот бо интихобкунандагони ҷамоати деҳоти мазкур, ки онро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода  ифтитоҳ намуд,  Парвиз Шодизода нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тафсир намуда, таъкид кард, ки интихобкунандагон метавонанд дар ҳалли масъалаҳое, ки дар ин ҳуҷҷати раҳнамо баён шудаанд, саҳм гузоранд.

           Интихобкунандагон аз вакили парлумони кишвар дархост намуданд, ки дар ҳалли масъалаҳои бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, ташкили муассисаи томактабӣ, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат намояд.

          Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвиз Шодизода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ чанде аз интихобкунандагонро пазируфта, ба саволу дархости онҳо посух гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *