Мулокот бо сокинон Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо сокинони маҳаллаҳои шаҳраки Зафаробод дар бинои МТМУ №13 мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот бо сокинон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун доир ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз санаи 14-17 апрели соли 2022 ҷараён гирифт ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар маҷлиси ҷамъбастии фаъолони вилоят пешниҳод гардида буд ба сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод фаҳмонид. Ҳамчунин бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, вазъи пуртаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба сокинон фаҳмонида шуд, ки суботу оромӣ ва ваҳдати саросарии имрӯзаи Тоҷикистон неъмати бебаҳо буда, бояд ҳар шарҳрванди бедорфикр ба қадри ин неъмат бирасад. Меҳнати софдилона ва масъулиятнокро ба роҳ монда, дар таъмини зиндагии шоиста худ ва ободонии Ватан саҳмгузор бошад. Ҳозирини ҷамъомад аз мулоқот таасуроти хуб бардошта андешаҳои худро бо эҳсоли баланди ободкорию меҳанпарстӣ баён намуданд.
Рубрики
Мулоқот
