Рубрики
Uncategorized

МУЛОҲИЗА: АРСАИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

                                

Аҳди мо аҳди тантанаи ақли солиму нерўи созанда муаррифӣ мешавад. Бо ин ҳама боиси таассуф аст,  ки дар ҷаҳони мо, дар муҳити тамаддунгарои мо пайваста рӯйдодҳое ба мушоҳида мерасанд, кирдорҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки рӯзгорамонро доғдор, зиндагиамонро талх  мекунад.

Алалхусус, чунин кирдорҳову равандҳои ношоиста ва андўҳвор, имрўзҳо тамоми ҷомеаи сулҳпарвару башардӯстро сахт ба ташвишу изтироб оварда. Мушкилоти асосии таасуфангези замони мо амали пурхушунати терроризм ва экстремизмӣ байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, харидуфурӯши пуршитобу ғаразмандонаи аслиҳа, таҳримҳои кинаварона мебошанд, ки дар маҷмӯъ оромиву субот ва ҳаёти осоиштаи аҳли сайёраро халалдор кардаанд. Чун ҷараёни ҷаҳонишавӣ босуръат идома дораду марзаҳои давлатӣ на ҳамеша ба хавфу таҳдидҳои ғайримаъмулӣ монеъ шуда метавонанд, терроризм торафт доман паҳн карда, мардуми ҷаҳонро ба ташвиш меоварад. Ҳаводиси даҳшатбор ва ҷангу задухӯрдҳои бардавом дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ, кирдорҳои ҷаҳолатбунёди ДИИШ мисоли рӯшани ин гуфтаҳоянд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир ва муборизаи фаъоли арсаи сулҳу осоиштагӣ шинохтаву эътироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамоянд. Пешвои муаззами тоҷикон аз ин хусус, аз ҷумла чунин таъкид бинмудаанд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб , чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар , аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”

Феълан имрӯз, мутаассифона, далелҳои кам нестанд, ки баъзе ҷавонони мо бо таъсири омилҳои гуногун ба калавишҳо дучор омадаву рӯй ба ифротгароён овардаанд ва гоҳо бо ҷараёнҳои тундрави экстремистию террористӣ гаравидаанду ҷавонии зебои худро доғдор кардаанд. Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки дар ҷомеаи мо масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас ҳанӯз аз костагоҳо орӣ нест, тақвиятталаб мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, шӯъбаи кор бо ҷавонон ва намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” ба он талош меварзанд, ки арзишҳои волои  эътимоду эътиқод ба Ватанро дар қалби ҷавонон ҷой намоянд, хатарҳои эҳтимолии гароиш ва пайвастан ба равияю созмонҳои тундгароро дар мисоли фаъолияти ин равияҳо дар мамолики дунё, хоса Шарқи Наздик, ба онҳо фаҳмонанд.  Инро мо аз тариқи баргузории  ҳамоишҳо, мулоқотҳо бо ҷавонону наврасон, ташкили аксияҳои гуногун, ба мусобиқоти варзишӣ, озмунҳои ҳизбӣ ҷалб намудани ҷавонон амалӣ менамоем.

Ҳоло наздик ба нисфи аъзоёни ҳизбро  ҷавонон ташкил менамоянд, фаъолони ТҶҶ “ Созандагони Ватан” бошанд, дар 21 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Ин нерӯи муқтадир ҷавононро ба роҳи рости ватандӯстию маърифатгароӣ ҳидоят ва раҳнамун месозад.

Ҷавонон бар онанд, ки Ватани мо арсаи сулҳу осоиштагӣ аст ва онро чун гавҳараки чашм бо дилу ҷон ҳифз бояд кард.

 Қобилҷон Ҷалолов,

      мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

                                   КИ ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *