Рубрики
Мақола

Муроҷиатномаи иштирокчиёни аксияи ҷумҳуриявии албом-эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар ноҳияи Деваштич

Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии албом-эстафета таҳти унвони “30-соли  созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” қайд менамоянд, ки 

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина,

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих,

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб,

Бар фарқи саре найзаву ханҷар накашидаст.

Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон

Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст

Ҷон канда басо лек,

З-ояндаи пирузи худ уммед накандаст.

         Ҳамдиёрони азиз! 

Ҷаҳону ҷаҳониён медонаду мо медонем, таърихи куҳан собит намудаву шаҳодат медиҳад: Тоҷик дар сарчашмаи тамаддуни дунё, дар тулӯи анвори башардӯстиву ҳамият мироб асту мунодӣ, оинадору асту мураббӣ.

         Борҳо адӯ ният намуд, қасд кард, дастдорӣ бинмуд, то теша ба решаи дарахти бахту боровари ин миллати тоҷвар бизанад. Аммо ноком гашт, шармсор гардид ва ҷуз аз бечорагӣ чора наёфт. Миллати музаффари мо ливои фотеҳ ба даст ба сӯи фардо гом ниҳод, қадам зад. Ва имрӯз ҳам равона аст ба суи пирузӣ, ҷониби созандагиҳо! Ҳеҷ ягон қувват, ҳеҷ нерӯ, дасиса моро аз роҳи ҳақ баргардонида наметавонад, зеро :

 Гардани гардуни гардон бишканем, 

 Пеш аз он ки гардани мо бишканад!

         Яке аз сифатҳои баргузидаи миллати соҳибтамаддуни мо ин хушҳамсоягист. Чархи гардун моро бо ғабру мусулмон, бо масеҳиву будпараст ҳамҷавору ҳамсарову ҳамнаво сохт ва онон аз мо борҳо имтиҳон карданд, санҷиданд ва боварӣ намуданд, ки тоҷик боэътимоду орӣ аз залимати шайтонии хиёнат аст!

         Саховати мо, диёнати мо, меҳру муҳаббату садоқати мо рутбаи олитарини башарӣ одамигариро эҳдо намуд. Аз аср ба аср, аз даврон ба даврони дигар некуҳамсоягӣ ба мову Шумо меросӣ гузашт ва мо ин фазилатро ба ҳамҷаворон омузондем, пешамон ҳамсоягонро шогирд гирифтем.

         Аммо гурӯҳе аз Шайтонсиратон сабақи дӯстиву рафоқатро напазируфта, аҳд шикастанд, байни мову ҳамсояамон низоъву нифоқ барангехтанд ва ҳикмати :

Миёни ду тан ҷанг оташ аст,

Хабарчини бадбахт ҳезумкаш аст-ро фаҳм накарданд.

         Байни мову давлати ҳамсояи дӯст – Қирғизистон ҳодисаҳои нангини рузҳои охир сояи нобовариро аҳдшикании Аҳриманӣ бор овард. Дарк кардем, эҳсос намудем, ки имрӯз моро идроки ватандӯстиву мардонагӣ, ҳифзи марзу буми меҳани худ, дифои модарону хоҳарони азизамон мавқеи аввалиндараҷа дорад. 

Ҳамлаи аҳдшиканонаи мусаллаҳи  қирғиз моро ҳушдор намуд, ки на ҳар як ҳамсоя ҳаммоя аст, ҳамфикр аст. 

         Лекин мо медонем, имони комил дорем, ки ду халқи ба ҳам дӯст фирефтаи он як-ду-се ношарафу нохалаф намегардад.

Ақл, Хирад, Номус ғолиб меояд ва шиори «Гум бод номи ҷанг» шиори ҳамсоягон мегардад.

Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд ва дар ҳошияи ҳодисаҳои мазкур низ қайд карданд:

“Мо ҷонибдори сулҳем, фақат ақли солим ва гуфтушуниди одилдона моро аз ин қазияи нангин раҳо мебахшад”, аммо адӯро ҳушдор менамоем, ки мо аз он майдонғарибон нестем, баҳри таҳкиму пояндагии соҳибистиқлолиамон, арзишҳои миллию давлатӣ, дифои марзу буми Тоҷикистони азиз мустаҳкаму ношикастем.

         Ин лаҳза ба мардуми шарифи диёри Деваштич аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ва ҷонибдорони он муроҷиат намуда таъкид мекунем:

Алҳақ ҳама медонаду таърих гувоҳ аст;

Тоҷик ҳама умр,

Дар Мағрибу Машриқ 

кардаст мусаххар чи бас иқлиму мамолик. 

Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар,

Бо санъату бо фитрату бо ақли мунаввар,

Бо ҳиммату бо ҳикмату бо шеъру тарона

Бо руҳи ҷавононаву пирӯзгарона…

 Аммо ту адӯ дон, ки тоҷики музаффар,

Бо мардию мардонагӣ  созад мусаххар

Гар бошӣ балокаш

Баднияту фосиқ ту сӯзӣ дар оташ!

Тоҷикистон ба пеш, бо Пешвои миллат суи фатҳу фирузиҳо!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *