Рубрики
Last News

МУСОБИҚАИ БАСКЕТБОЛ БАЙНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси барқияи КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд мусобиқаи баскетбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои касбии ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим байни бонувон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати варзишӣ мебошад. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун дар баромади худ зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тақвияте ба рушди варзиши сабук байни бонувон мебошад. Тибқи натиҷаҳои мусобиқа Ҷойи 1-ум дастаи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод; Ҷойи 2-ум дастаи Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод; Ҷойи 3- ум дастаи Литсей касбии техникии ноҳияи Зафаробод Ҷойи 4- ум дастаи Литсей касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод сазовор гардид. Дар охир ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *