Рубрики
Last News

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ БАСКЕТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021» ва бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори КМО-и ноҳия мусобиқаи варзишии намуди баскетбол байни донишҷӯдухтарони Литсейи касбии техникии ноҳия ва Коллеҷи муҳандисии омӯзгории ноҳия баргузор гардид.Чорабинии мазкурро муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Умарзода Ботирҷон ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории мусобиқаро баён дошт. Зимни чорабинии варзишии мазкур донишҷӯдухтарон маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, барои ғолибияти дастаи худ талош варзиданд. Дар натиҷаи рақобати бомаҳоратона ҷои якум насиби дастаи баскетболбозони Коллеҷи муҳандисии омӯзгории ноҳия гардид. Дастаи духтарони Литсейи касбии техникии нохия бошад соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.Дастаҳои ғолиб бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *